Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Дар Истаравшан бо мақсади тақвияти нерӯи зеҳнӣ клуби «Китобдӯстон» таъсис дода шуд

( 0 Овоз )

Дар назди Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан клуби "Китобдӯстон" таъсис дода шуд. Ин иқдом бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар заминаи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни  ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" роҳандозӣ гардидааст.

Ҳадаф аз таъсиси клуби мазкур тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва маънавиёти хонандагон, таҳкими эҳсоси худогоҳиву хештаншиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба китоб ва китобхонӣ мебошад. Вобаста ба ҷалби хонандагон аз муассисаҳои таълимӣ ва гузаронидани самараноки машғулиятҳо тадбирҳои судманд андешида шудаанд.

Хонандагон дар доираи нишаст моҳе 2 маротиба ҷамъ омада, перомуни як асари хондашуда (аз ҷумлаи нақли мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонҳои асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, бандубаст ва дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар ва баёни таассурот аз он), байни ҳам табодули афкор менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан бо мақсади тақвияти нерӯи зеҳнӣ клуби «Китобдӯстон» таъсис дода шуд