Панҷакент. Дар Ҷамоати деҳоти Амондара синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии  №19-и ба номи Мирзо Турсунзодаи деҳаи Майкатаи Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент 4 синфхонаи иловагӣ бунёд ва бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои нави замонавӣ раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ иштирок нумуда, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ташаббускору бофарҳанги Ҷамоати деҳоти Амондараро ба муносибати фарорасии соли нави хониш ва 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод  намуд ва ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди синфхонаҳо саҳми шоистаи хешро гузоштанд, арзи сипос намуд.

Ба иттилои манбаъ дар Ҷамоати деҳоти Амондара чун дигар Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент бо иқдомҳои ватандӯстонаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳли диёр сохтмони даҳҳо иншоот идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд