Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дифои Ватан сина сипар хоҳанд кард

( 0 Овоз )

Имрӯз, соати чори субҳ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бонги хатар дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода зимни шиносоӣ бо ҳайти шахсии афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ ҳифзи марзу буми Ватанро вазифаи ҷонӣ ва қарзи давлатии ҳар як шаҳрванд арзёбӣ карда, гуфт, ки “олитарин меъёрӣ ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри ватан ва оромиву осоиш ин ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳимояи марзу буми он мебошад.”

Таъкид карда шуд, ки баҳри тақвияти нерӯи Артиши миллӣ, омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, мустаҳкаму устувор кардани пойгоҳҳои сафарбарӣ ва минтақаи мудоифаи ҳудудӣ ва аз ҳама муҳим аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳамеша саҳмгузор ва омодаи ҳаргуна муқовиматҳо бошем.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ чун дигар ҳамватанони худ бо нерӯи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ору номуси ватандорӣ дар ҳама ҳолат баҳри дифои Ватан сина сипар хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сокинони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дифои Ватан сина сипар хоҳанд кард