Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

АЙНӢ: Санҷиши омодабошии ҷангӣ зери унвони "Марз-2021" баргузор гардид

( 0 Овоз )

Соати 4-и субҳи имрӯз, 22 июли соли 2021, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» оғоз гардид.

Дар ноҳияи Айнӣ низ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Муродзода Муқим бо сафарбаркунии беш аз 4000 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногуни дар ҳайати шахсии захиравӣ буда ва ҷузъу кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо бонги хатар дар майдони Фурудгоҳи марказии ноҳия ҷамъ оварда шуда, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Беш аз 150 техникаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳолати омодабошӣ тайёр карда шуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ноҳия дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд АЙНӢ: Санҷиши омодабошии ҷангӣ зери унвони "Марз-2021" баргузор гардид