Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

Сели азим дар Панҷакент сабаби талафоти ҷониву молӣ гардид

( 0 Овоз )

19 июл бар асари боридани боронҳои пуршиддат дар ҳудуди чор ноҳияи вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, 19 июл, тақрибан соати 15:30, баъди боронҳои пай дар пай дар деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел фаромад. Дар чарогоҳи тобистонаи деҳаи Киштудак, ки дар баландии тақрибан 30 км аз Ҷамоати деҳоти Дашти Қозӣ ҷойгир аст, 10 нафар одамоне, ки ба чаронидани чорво машғул буданд, дучори сел шуданд.

Инчунин дар натиҷаи офати табиӣ ва обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 км роҳи байни деҳаҳо зарар расида, боиси талафоти 35 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда шуд. Аҳолии маҳаллӣ тахминан соати 17:30 ҷасади ду занро аз зери лойоба берун оварданд.

Барои бурдани корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ фавран ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшон фиристода шуданд.

Пас аз амалиёти наҷот ҷасади 8 сокини деҳаи Киштудак аз зери лой берун оварда шуд. Ҷустуҷӯи ду нафари дигар идома дорад.

Инчунин дар қаламрави деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ сел ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи сел 4 км роҳи мошингард, 2 пул,  хати барқ вайрон гардида, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ  ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лойоба пур шудаанд.

Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи бориши шадид дар деҳаҳои Пасти-Гал, Хабишар, Тит, Рогиф ва Ревемутки Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи офати табиӣ  3 бинои истиқоматӣ пурра,  5 бинои истиқоматӣ қисман, 8 иншооти ёрирасон, 10 км роҳ, 20 гектар замини корам ва 2 пул осеб дидаанд. Талафоти ҷонӣ нест.

Ҳамчунин 19 июл, соати 17:30, дар деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут ва дар деҳаи Метки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 15 бинои истиқоматӣ, роҳҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман хароб шудаанд.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ комиссияҳои ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода ба кор оғоз намудаанд. Дар айни замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Сели азим дар Панҷакент сабаби талафоти ҷониву молӣ гардид