Истаравшан. Баҳри пешгирии бемории коронавирус бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Дар заминаи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Муассисаи давлатии "Кӯмаки аввалини тиббӣ - санитарӣ"-и шаҳри Истаравшан ситоди навбатии шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар кори ситод масъалаи риояи қатъии талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ҳамаи шаҳрвандон вазифадор ҳастанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Тавсия дода шуд, ки шаҳрвандон масофаи иҷтимоиро риоя намуда, аз ниқобҳои яккарата истифода баранд.

Вобаста ба роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон бо усули "хона ба хона" аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустӣ гурӯҳҳои махсус таъсис ва сафарбар карда шуданд.

Дар идома ба сокинони ҳузурдошта, ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ гузаронида шуда, варақаҳо оид ба пешгирии паҳншавии ин беморӣ дода шуд ва сокинон таъкид карда шуданд, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ талаботи дастури мазкурро қатъиян риоя намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд