Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

Дар Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз бемори сироятии коронавирус корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии сокинон дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза тадбирҳои безараргардонии сартосарӣ гузаронида мешаванд.

Шоми дирӯз низ корҳои безараргардонӣ тибқи дастуру супоришҳои раисони ситодҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 роҳандозӣ карда шуданд.

Ин навбат корҳои безараргардонӣ дар кўчаҳои микроноҳияҳои 31, 32,  33, кўчаҳои  Аминҷон Расулов, Фирдавсӣ, Шарқ ва хиёбони Исмоили Сомонӣ бо ҷалби кормандони воҳидҳои махсуси хадамоти оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидмологии шаҳру вилоят ва дигар сохторҳои шаҳрдорӣ бо сафарбаркунии мошинҳои махсус ва дастгоҳҳои безараргардонӣ сурат гирифтанд.

Инчунин корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе», ки макони серодам маҳсуб меёбад ва мавзеъҳои фароғатию истгоҳҳои нақлиётии ҳудуди он ба роҳ монда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз бемори сироятии коронавирус корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд