Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд - 29.07.2021 12:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд - 29.07.2021 10:59
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд - 29.07.2021 10:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен шинос шуданд - 29.07.2021 10:45
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва қутоспарварии деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ боздид намуданд - 28.07.2021 07:46
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд - 28.07.2021 08:16
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд - 28.07.2021 08:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд - 28.07.2021 08:41

Исфара. Ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» доир шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Исфара ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара, раиси ситоди шаҳрӣ Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаро оғоз намуда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои роҳбарияти вилояти Суғд тамоми чорабиниҳои зарурии ташкилиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии мавҷи нави бемории сироятии коронавирус “СOVID-19” андешида истодааст.

Сипас, гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва ахбороти сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳру деҳоти Исфара шунида шуд. Гуфта шуд, ки  бо ҷалби табибон, ҳамшираҳои шафқат ва табибони оилавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гардиши хона ба хона дар тамоми шаҳр бо фаро гирифтани тамоми аҳолӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуда, тариқи телефонҳои боварӣ ба шаҳрвандон хизмат расонида истодаанд.

Таъкид гардид, ки  дар кўчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, бо истифода аз маводи безараргардонӣ корҳои безараргардонию профилактикӣ гузаронида шуда истодааст.

Намояндаи Раёсати тандурустии вилоят Фарҳод Муллоев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба омилҳои хатарзои мавҷи нави бемории сироятӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки хавфи гирифторшавӣ ба ин вирус дар ҷойҳои серодам бештар аст. Аз ин рӯ, роҳи муҳими пешгирӣ аз ин беморӣ пеш аз ҳама риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои Вазорати танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласа ба вусъати корҳои безараргардонӣ, тақвияти корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, назорати қатъии фаъолияти бозорҳо ва тарабхонаву ошхонаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» доир шуд