Истаравшан. Ба сокинон 4 000 ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври ройгон тақсим карда шуд

( 0 Овоз )

Дар заминаи дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Истаравшан гуруҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва корхонаву ташкилотҳо таъсис дода шуда, ба минтақаҳои гуногуни шаҳр барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сафарбар карда шуданд.

Аъзоёни гурӯҳҳо корҳои тарғиботиро дар ҷойҳои серодам, махсусан бозорҳо, марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ, нақлиётҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо ва гулгашту хиёбонҳо ба роҳ монда, дар ин ҷараён ба садҳо нафар шахсони бениқоб маълумотҳои зарурӣ ба воситаи варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ пешниҳод карда, бо ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон таъмин намуданд.

Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон таъкид карда шуд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ - риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву масофаи ичтимоӣ, беэътиноӣ нисбати саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз то ба эътидол омадани вазъи пандемия ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байниҳамдигариро нигоҳ доранд.

Бояд зикр намуд, ки ба ин васила аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ байни сокинони шаҳр ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ 4000 ниқобҳои муҳофизатӣ ройгон тақсим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд