Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

Бахтиёр Боқизода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд

( 0 Овоз )

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Тибқи қарори раиси шаҳр Бахтиёр Боқизода ба вазифаи муовини раиси шаҳр- сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодиёт, саноат ва энергетика таъин гардид.

Ғолиб Шарифзода, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадри тозатаъин гуфт, ки Бахтиёр Боқизода, соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби се маълумоти олӣ - ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ мебошад. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ҳуқуқшиноси Донишгоҳи муосири гунаманитарии Русия ва Тоҷикистон оғоз бахшида, сипас дар вазифаҳои ҳуқуқшиноси Фонди умумирусиявии маорифи шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси маркази илмӣ-таҳсилотии шаҳри Хуҷанд, директори иҷроияи “Тоҷикгазавтосервис”-и шаҳр, сармутахасиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори Раёсати иҷозатномадиҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, директори генералии корхонаи истеҳсолӣ-саноатии зарфҳои пластикии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

То таъин гардидан ба мансаби муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода дар вазифаи сардори филиали КВД суғуртавии “Тоҷиксармоягузор”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекард.

Бахтиёр Боқизода, муовини раиси шаҳр минбаъд сарпарасти шуъбаи иқтисод ва савдо, бахши саноат ва энергетика, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи муҳоҷират, нозироти андоз, раёсати молия, раёсати омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Тоҷиксуғурта дар шаҳр ва Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахтиёр Боқизода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд