Хабарҳо
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15
Баргузории семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ дар Раёсати маорифи вилоят - 17.01.2022 14:10
Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид - 17.01.2022 14:08
Шиносоӣ бо сохтмони иншооти гуногун ва ҷараёни корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 21:50
Мастчоҳ. Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд - 15.01.2022 19:25
Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2022 18:22
Тақвияти корҳои кабудизоркуниву хуррамгардонӣ дар шаҳри Хуҷанд - 16.01.2022 17:32
Раҷаббой Аҳмадзода дар Хуҷанд бо раванди корҳои азнавсозӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шинос гардид - 16.01.2022 17:29
Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 15.01.2022 12:36
ЭРКАЕВ ДОДИХУДО БИГУЗОР СОЛИ 2022 СОЛИ РЕШАКАН СОКИНОНИ ХОРУҒ АЗ ҶАБРИ ЧАНДИНСОЛАИ ГУРӮҲҲОИ ҶИНОЯТ - 15.01.2022 09:57

Навиди Суғд


Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд

( 0 Овоз )

Шаш нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ - “COPERNICUS”, ки дар шаҳри Хюстони иёлоти Техаси ИМА доир шуд, ширкат варзида, соҳиби медал гардиданд.

Ин олимпиада рӯзҳои 8-16 январи соли 2022 дар осорхонаи илмӣ ва фановарии шаҳри Хюстон баргузор шуда, аз 50 кишвари олам беш аз 2000 нафар аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, физика ва астрономия барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд.

Дар қатори намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Итолиё, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Русия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра хонандагон аз кишвари Тоҷикистон аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Бо саъйу кӯшишҳои директори Литсей барои хонандагони болаёкат дар шахри Хучанд Сурайё Негматова 5 январ шаш нафар хонандагони литсей ба кишвари Амрико сафарбар карда шуда, дар олимпиадаи мазкур  иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро касб намуданд.

Аз ҷумла, Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8 аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи дуюм,  Абдуллозода Амир – хонандаи синфи 9 аз фанни физика соҳибии ҷойи сеюм, Абдуллоева Меҳрангез – хонандаи синфи 11 аз фанни физика ва астрономия соҳиби ҷойи сеюм, Ботурхоҷаев Ардашерхоҷа – хонандаи синфи 11 аз фанни физика ва астрономия соҳиби ҷойи сеюм,  Муқумов Шараф – хонандаи синфи 8 аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи сеюм, Мамуров Акрамхоҷа – хонандаи синфи 8 аз фанни табиатшиносӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин, хонандагони литсей тариқи даставӣ дар озмуни даставӣ аз фанни физика фаъолона иштирок намуда, Ҷоми озмунро ба даст оварда, ғолиби мутлақи даставӣ аз фанни физика гардиданд. Дар натиҷа хонандагони литсей як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ дар Раёсати маорифи вилоят

( 0 Овоз )

Бо иштироки кормандони Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, роҳбарони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ доир гардид.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ дар мавзӯи “Пешрафти маорифи миллӣ – ояндаи неки кишвар, саҳми аҳли маориф дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии бегонапарастии хонандагон”  маърӯза намуда, ҳозиринро бо вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, шинос намуд.  Мавсуф оид ба саҳми аҳли маориф дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии бегонапарастии хонандагон, ҷиноятсодиркуниву қонунвайронкунӣ батафсил сухан гуфт.  Аз ҷумла номбурда таъкид кард, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Пешвои миллат дар Паёмашон диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид карданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.

Перомуни саҳми маорифчиён дар мавриди роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва дар замина баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, пешгирии ба муҳоҷират рӯ овардани тарбиятгарони насли ояндасоз, аз таълим берун мондани хонандагон, ҷилавгирии хонандагон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сабаб ва омилҳои ба вуҷуд омадани оилаҳои ноустувор, душвортарбия будани ноболиғон, тақлид ба фарҳанги бегонапарастӣ, роҳ надодан ба ҷиноятсодиркунии хонандагон ва ба худкушию сӯиқасд ба ҷони худ ибрози ақида намуда, бо мисолҳои мушаххас вазъи ба амал омадаро таҳлил намуд.

Вобаста ба масъалаи муҳокимашуда дар назди ҳозирин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизоту доруворӣ дастрас гардид

( 0 Овоз )

Бо дастгириии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон ворид гардид.

Дафтари матбуотии раиси ноҳия хабар дод, ки 17 январ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз Беморхонаи марказии ноҳия дидан карда, шахсан бо таҷҳизоти воридшуда аз наздик шинос шуд.

Гуфта мешавад таҷҳизоти воридшуда, аз қабили дастгоҳи сипап, монитори назди кати бемор – 2 адад, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ – 2 адад, занбар барои интиқоли беморон, аробачаи маъюбӣ, чароғ барои ҷарроҳӣ ва даҳҳо номгӯи таҷҳизоти табобатӣ  мебошанд, ки нисбат ба дастгоҳҳои пешин бартарии зиёд доранд.

Аъзам Ализода ҳангоми азназаргузаронии таҷҳизот таъкид дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ сол аз сол рушд ёфта, ба муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти наву замонавӣ ворид гардида истодааст.

Зимни суҳбат бо табибон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия изҳор дошт, ки ҷиҳати пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон диққати махсус зоҳир намуда, сатҳи хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

Дар як навбат табибон ба мақомоти иҷроия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои дастгирӣ ва муҷаҳҳазгардонии беморхона бо таҳҳизоти наву замонавӣ изҳори сипосу миннатдории худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

13 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен комплекси варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.​

Муфассал...

ШУМО ДАР: Навиди Суғд