Хабарҳо
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55
Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар - 02.12.2021 10:51
Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко - 02.12.2021 10:39
«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ - 02.12.2021 08:15
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд - 02.12.2021 08:09
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар Қалъаи Хуҷанд - 01.12.2021 13:52

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон

( 1 Овоз )

Видео :: Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон

Дар толори «Чойхонаи миллӣ»-и Қасри фарҳанги Арбоб тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам минбаъд ташаккул додани муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мулоқоти  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода  бо соҳибкорони вилоят баргузор гардид.
Дар ибтидои чорабинӣ Қоҳир Расулзода оид ба самтҳои минбаъдаи рушди соҳибкорӣ дар вилоят суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳоло меҳвари рушди  устувори  иқтисодиёт соҳибкорӣ буда, он ба ҷараёни инноватсионӣ ва пешравии илмиву техникӣ суръат  бахшида истодааст.

Дар ин замина, дар самти беҳтар намудани имкониятҳои дастрасии қарзҳои хурд ба соҳибкорону тоҷирон, такмил додан ва содда гардонидани низоми воридоту содироти молу маҳсулот,  ҷорӣ кардани усули “равзанаи ягона”, содда

намудани муқаррароти  сертификатсиякунонӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии он, дигар масъалаҳои вобаста ба инкишофи соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ як силсила корҳои судбахш анҷом дода шуданд.Бахусус дар поёни соли гузашта қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» саривақтӣ буда, он ба татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи  инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ вусъати тоза мебахшад.

Танҳо дар соли 2012 ба соҳибкорон  аз ҷониби ташкилотҳои қарзии вилоят ба андозаи 1,1 млрд. сомонӣ захираҳои қарзӣ пешниҳод карда шуд,  ки он 70 фоизи қарзи умумиро ташкил дода, ин раванд ба беҳтар шудани дастрасии захираҳои молиявӣ ба соҳибкорон ва вусъат ёфтани фаъолияти онҳо боис гардид. Ҳамзамон маблағгузорӣ барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ пайваста ташаккул ёфта,   соли равон ба ин соҳа зиёда аз 800 млн.сомонӣ қарзҳо пешниҳод гардиданд.
Раиси вилоят дар поёни баромади хеш таъкид намуд, ки пазируфта шудани кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо  барои пайдо кардани мавқеъ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҳар як соҳибкор имконияти мусоид фароҳам меорад.  Соҳибкорони мо бояд  дар ҷустуҷӯи истеҳсолоти инновастсионӣ бо назардошти коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ корбарӣ намуда, истеҳсоли маҳсулоти сифатан нави ба талаботи  имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро  бояд ба роҳ монанд.
Дар мулоқот, ки дар фазои озод ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт, бо мақсади ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷиҳати саҳмгирӣ дар рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят  мукофотҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба беҳтаринҳо супорида  шуд.
Бобо Бобохонов, муовини сардори ҶДММ КМ «Зарафшон» - и шаҳри Панҷакент   унвони «Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ», Абдусалом Саломов, сарвари хоҷагии деқонии «Понғоз»-и ноҳияи Ашт -  «Соҳибкори беҳтарин дар соҳаи истеҳсолоти агросаноатӣ», Салима Исмадова, сардори корхонаи дӯзандагии «Салима»-и шаҳри Исфара- «Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи пешниҳоди хизматрасонӣ», Илҳом Сангин, роҳбари ҶДММ «Равзана Пластик»-и шаҳри Хуҷанд-«Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи дар татбиқи технологияҳои инноватсионӣ», Аҳад Раҳимов, соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Б.Ғафуров  -«Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи содироти мол»,  Фаррух Шарифов, соҳибкори инфиродӣ, аз ноҳияи  Мастчоҳ  «Соҳибкори беҳтарини сол дар соҳаи эҳсонкорӣ» соҳиб гардиданд.

Соҳибкорон -  Абдумуталиб Абдуллоев, директори генералии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»- шаҳри Қайроққум, Эркин Раҷабов, сардори ҶДММ «Муҳандис-1»-и ноҳияи Спитамен, Аминҷон Сабуров, директори ҶСК «Файзи Истаравшан»- шаҳри Истаравшан, Абдуҷамол Ҳусейнов, сардори ҶДММ «Ҳаҷмис»-и ноҳияи Ғончӣ ки ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил гардиданд бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мукофотонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорон