Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Шиносоӣ бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ шинос гардид.

Тавре зимни боздид иттилоъ дода шуд, дар фермаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ҳоҷӣ Рауф” беш аз 16 ҳазор сар парранда барои истеҳсоли тухм нигоҳубин карда шуда, дар соли гузашта 858 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Фермаи мазкур аз се қисмат (корпус) иборат буда, ҳар се қисмат ба пуррагӣ фаъолият дорад ва дар он 7 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар фермаи соҳибкор Шомурод Шобаротов бошад 50 сар моли калони шохдор барои истеҳсоли гӯшт парвариш шуда истодааст.​

Дар фермаи дигар, ки аз тарафи соҳибкор Ҳамдам Сиддиқов сохта шудааст, парвариши 120 сар чорвои калони зоти “Симентал” барои гӯшт ба роҳ монда шудааст.​

Раиси вилоят ташкили чунин фермаҳоро барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла тухм ва гӯшт муҳим арзёбӣ карда, барои беҳтар намудани фаъолият ва зиёд намудани саршумори чорвою паранда ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо фаъолияти фермаҳои мурғпарвариву чорводорӣ дар ноҳияи Деваштич