Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Деваштич

( 0 Овоз )

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич рӯзи 13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Нусратпошшо Тӯраева ва Дилбар Бурҳонова хабар гирифт.

Нусратпошшо Тӯраева ҳамсари собиқ раиси ноҳияи Деваштич Абдумалик Қаюмов аст. Абдумалик Қаюмов солҳои 1994-2002 дар вазифаи раиси ноҳия кору фаъолият намуда, барои хизматҳои шоистааш бо як қатор мукофоти давлатӣ қадршиносӣ шудааст. Мавсуф соли 2011 аз олам даргузашта буд. Нусратпошшо Тӯраева ва Абдумалик Қаюмов соҳиби 6 фарзанд, 18 набера ва 4 абера мебошанд ва ин бонуи соҳибтаҷриба фарзандону наберагони худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳнатпарастӣ тарбия намудааст.

Дилбар Бурҳонова бошад солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ кор кардааст. Ӯ соли 1965 дар ҳукумати ноҳияи Деваштич фаъолиятро оғоз намуда, баъдан солҳои 1966 – 1986 ба ҳайси мутахасиси омор оид ба кадрҳои ҳукумати ноҳия ва сипас чун мудири бахши САҲШ-и ноҳия кор кардааст. Мавсуф соҳиби 5 фарзанд, 8 набера ва 3 абера аст.

Раиси вилоят ҳини сӯҳбат ба модарони нуронӣ аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии занону духтарон ва қадршиносии собиқадорони меҳнат ёдовар шуда, ба аёдатшудагон зиндагии орому осуда орзу намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Деваштич