Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

13 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен комплекси варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.​

Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Юлдошев соли 2020 оғоз гардида, охири соли 2021 ба охир расонида шуд.​

Иншооти мазкур дорои як бинои дуошёнаи толори варзишӣ барои машқу тамрини ҷавонон, ҳамчунин ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишии футбол, басткетбол, воллейбол, теннис буда, ​ гирду атрофи иншооти варзишӣ ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта шудааст.

Пас аз ба истифода супоридани иншоот 12 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ имкон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо иншооти нави варзишӣ ба истифода дода шавад. Наврасону ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамшуда мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул гарданд ва саломатии худро ҳифз намоянд.

Барои машғул шудан ба варзиш имкониятҳо мавҷуд буда, дар ноҳия ​ Муассисаи давлатии Мактаби варзишӣ, 1 адад варзишгоҳ, 94 адад майдончаҳои варзишӣ, 36 адад толори варзишӣ, 3 адад ҳавзҳои шиноварӣ ва 1 адад иншооти махсуси варзишӣ фаъолият менамоянд, ки бояд пурсамар истифода гарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар ноҳияи Спитамен