Хабарҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд - 29.11.2021 13:43
Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем! - 29.11.2021 10:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:34
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд - 29.11.2021 10:21

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Парчами давлатӣ рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол ва ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ аст

( 0 Овоз )

24 ноябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирокдорони ҷамъомад ва кулли сокинони вилоятро ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва бузургдошти оину суннатҳои миллиамон таҷлил мегардад, табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Имрўз мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

-Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдодони мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Парчами миллӣ ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқи худ, Пешвои миллати худ, ба рўҳи поку мероси аҷдодони бузурги худ буда, ҳар фарди ориятдоштаи миллатро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо, тавоноиву нерўмандӣ ҳидоятгар мебошад,-афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Таъкид карда шуд, ки бо ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе Парчами кишвар бо баландии 165 метр барафрохта шуд.

Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид.

Барои тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳии ҳамватанон дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои Парчами давлатӣ ба истифода дода шуда истодаанд, ки дар назди онҳо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ аҳамияти зиёди тарбиявию ахлоқӣ дорад.

Парчам барои мо чун рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ эътироф гардида, нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳуввият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол  маҳсуб меёбад.

Ба ин маънӣ, Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи пурмазмуни консертӣ намоиш дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷамъомади идона намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, собиқадорон ва гуруҳи меҳмонон аз вилояти Красноярски Федератсияи Россия ҳузур доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Парчами давлатӣ рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол ва ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ аст