Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021

( 0 Овоз )

15 октябри соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят  дар 9 моҳи соли 2021 ҷаласа доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки сокинони сарбаланди Суғди бостонӣ бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд.

Мардуми кишвари азизамон, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Суғд ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихори баланди миллӣ ва рўҳияи баланди ватандорӣ таҷлил намуданд. Ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноативу кишоварзӣ ва кулли меҳнаткашони  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи ҳисоботӣ рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиётро таъмин намуданд.

Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Назирӣ вобаста ба ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2021 гузориш дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намудаашон, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба 14,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 131,1 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба миқдори 1 млн. 55,7 ҳазор тонна семент ва 1 млн. 302,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,3 ва 96,7 фоизро ташкил намудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 137,7 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 102 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 3 ҳазору 606,4 тонна калоба ва 5 млн. 223,6 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудаанд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2021 ба миқдори 371,1 ҳазор тонна орд ва 2 млн. 803,4 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 989,1 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 119,7 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 4 ҳазору 222,1 тонна ё 116,5 фоиз, маҳсулоти кабелӣ 587 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 4 ҳазору 296,2 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои металлӣ 18 ҳазору 441 тонна, профилҳои пластикӣ 1 ҳазору 103,4 тонна ё 120,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 36,9 млн. дона ё 102 фоиз, халтаҳои полиэтиленӣ 620,2 тонна ё 120 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 56,2 млн. дона ё 8,7 баробар, бомпӯши оҳанин 85,4 ҳазор метри тӯлонӣ ё 154,3 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 10 ҳазор метри мураббаъ таъмин карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 95 корхонаву коргоҳҳои нав бо 794 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 106,7 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 6 млрд. 618 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 2 млрд. 80,5 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 8,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 105,3 фоиз, 111,7 ва 114 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 376 ҳазору 623,2 тонна картошка, 447 ҳазору150,6 тонна сабзавот, аз ҷумла 151 ҳазору 622,3 тонна пиёз, 68 ҳазору 80 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37 ҳазору 506 тонна зардолу, 137 ҳазору 728,8 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 33 ҳазору 338,2 тонна, истеҳсоли  сабзавот 16 ҳазору 207,5 тонна, аз ҷумла пиёз 380 тонна ва полезиҳо 66 тонна афзудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 41 ҳазору 620,4 тонна, гӯшти моҳӣ 405,1 тонна, шир 193 ҳазору 836,1 тонна, тухм 456,4 млн. дона, пашм 1 ҳазору 478,5 тонна, пилла 163 тонна ва асал 1 ҳазору 407,2 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122,1 фоиз, гӯшти моҳӣ 114,4 фоиз, шир 101 фоиз, тухм 102,1 фоиз, пашм 102,3 фоиз, пилла 114,1 фоиз ва асал 101,8 фоиз таъмин гардидааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 548,5 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 982,6 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 81,4 ва 120 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 1 млрд. 167 млн. сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 121,7 фоиз таъмин гардидааст.

Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, дар вилоят бунёд ва таъмиру азнавсозии 7 ҳазору 577 иншооти тайиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар солҳои 2018 - 2020 ва 9 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 8 ҳазору 85 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша  106,7 фоиз таъмин шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2021 ба 9 млрд. 903,8 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2 млрд. 653,4 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 114,5 ва 106,4 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1 млрд. 607,2 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли  2020-ум 134,8 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1 млрд. 192,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 239,4 млн. доллар ё 25,1 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 414,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 175,9 млн. доллар ё 73,5 фоиз зиёд  мебошад.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 123,3 млн. доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 187 ҳазору 217 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 236,7 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 57,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10,2 банди фоизӣ боло рафтааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 15 ҳазору 280 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 487 ҳазору 186 тонна семент ба маблағи 18 млн. доллари ИМА содирот шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафмандонаи саноатикунонии босуръати кишвар дар вилоят нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати нассоҷӣ беҳтар гардидааст, ки зиёдшавии ҳаҷми содироти калобаи пахтагин ва либосворӣ аз он дарак медиҳад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 14,6 млн. доллари ИМА 903 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 2,2 млн. доллари ИМА ва 109 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 6,0 млн. доллари ИМА 2460 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 994 тонна ва ба маблағи 3,1 млн. доллар зиёд аст.

Дар 9 моҳи соли 2021 ба маблағи 15,5 млн. доллари ИМА 117 ҳазору 611 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 26950 тонна ва ба маблағи 2,7 млн. доллар зиёд мебошад. Ҳиссаи  хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 55,5 ва 28,4 фоизро дар бар гирифта, дар ин давра 25 ҳазору 830 тонна хушкмева ба маблағи 8,6 млн. доллар ва  81 ҳазору 764 тонна пиёз ба маблағи 4,4 млн. доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12 ҳазору 676 тонна зиёд шудааст. Афзоиши содироти хушкмева 10 ҳазору 189 тоннаро ба маблағи 2,85 млн. доллар ташкил намудааст.

Содироти консерваҳои меваю сабзавот нисбат ба 9 моҳи соли 2020 ба миқдори 733 тонна зиёд шуда, дар ин давра ҳамагӣ 1 ҳазору 150 тонна консерваҳои гуногун ба маблағи 450,8 ҳазор доллари ИМА содирот шудааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 79,5 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 111,9 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 64,1 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 15,4 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти сармояи мустақим ба 36,4 млн. доллар ва ҳар гуна сармоягузориҳо ба 22,0 млн. доллар баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 136,0 ва 102,4 фоизро ташкил намудааст.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2 млрд. 272,9 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша 105,3 фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 2 млрд. 394,2 млн. сомонӣ  ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 121,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 941 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 36 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 829 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 25 литсей, 1 мактаби президентӣ, 2 мактаб барои хонандагони лаёқатманд, 3 мактаб-кўдакистон фаъолият дошта, дар онҳо 565 ҳазору 231 нафар, аз ҷумла  276 ҳазору 427 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 шумораи муассисаҳо 12 адад ва хонандагон 17 ҳазору 306 нафар зиёд мебошад.

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 503 иншооти соҳа, аз ҷумла 75 беморхона, 120 бунгоҳи саломатӣ, 86 маркази саломатӣ, 20 таваллудхона, 93 нуқтаи хатна ва 109 дорухона ба нақша гирифта шуда, дар солҳои  2018-2020 ва 9 моҳи соли 2021 сохтмон ва таъмиру  азнавсозии 492 иншоот ба итмом расонида шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2 ҳазору 798 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 49 варзишгоҳ, 1 ҳазору 928 майдончаи варзишӣ, 617 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва 166 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият доранд.

Давоми 9 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 53 иншооти варзишӣ, аз ин 15 толор ва 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 35 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуда, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3 ҳазору 276 муроҷиат ворид гардид. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 741 адад шифоҳӣ, 2 ҳазору 410 адад хаттӣ, 18 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 107 адад тавассути “Viber” ворид шудаанд.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун изҳор дошт, ки   вилоят дорои имконияту захираҳои бузурги то ҳанўз истифоданашуда мебошад ва истифодаи самараноки онҳо ба хотири боз ҳам вусъат додани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз кору фаъолияти содиқонаи тамоми роҳбарону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши созандаи ҳар як сокини вилоят вобастагии мустақим дорад.

Дар кори маҷлис ҳамзамон раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода, муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода ва роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустии вилоят перомуни фаъолият ҳисобот доданд.

Дар зимн ба муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо барои тавсеаи рушди устувори соҳаи саноати вилоят, таъмини нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили корхонаҳои нав, пурра коркард намудани нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшуда ва содироти ҳарчи бештари маҳсулоти тайёр, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи қисми воридоти андоз  дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, коҳиш додани бақияи қарзи андози корхонаву ташкилотҳо ва пешгирӣ намудани афзоиши бақияи қарзи андоз дар назди буҷети давлатӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар доираи Барномаи давлатии сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025, беталаф ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи пахта, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи сардхонаҳо ва  захираи маҳсулоти зарурӣ, самараноку оқилона истифода бурдани  гармхонаҳои мавҷуда, бунёди гармхонаҳои нав бо истифодаи технологияи муосири каммасраф ва таъмини сокинон бо маҳсулоти тару тоза дар фасли зимистон, сари вақт ба охир расонидани ҷамъоварии картошка, шолӣ ва сабзавоту полезиҳо,  афзун намудани масоҳати  кишти тирамоҳии зироат ва шудгори тирамоҳӣ, бунёди боғҳо ва маъракаи тирамоҳии ниҳолшинонӣ, таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, бунёд, таъмиру тармими осорхонаҳои таърихӣ - кишваршиносӣ, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳо  ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  таъмини иҷрои саривақтии  нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баррасии фаврии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо супоришҳо дода шуд.

- Боварии комил дорам, ки ҳар яки мову Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, саҳми худро ба хотири ободии диёрамон, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ободу зебо сохтани маҳали зист, ҳудуди корхонаву коргоҳ ва ташкилоту муассиса, шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳои вилоят мегузорем ва соли таърихиро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст менамоем,- илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021