Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ба имзорасида, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба маҳсуб ёфта, сарони давлатҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форуми байниминтақавии сармоягузориро дар Тоҷикистон махсус қайд карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятии минтақавӣ вазъи мураккаби сиёсию низомии кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳокима гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.

 

ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд