Хабарҳо
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15
Баргузории семинари машваратӣ – дастурдиҳии вилоятӣ дар Раёсати маорифи вилоят - 17.01.2022 14:10

Боздиди президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ

( 0 Овоз )

Имрӯз Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин ва доираҳои соҳибкории Россия аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии вилояти Суғд боздид намуданд.

Зимни шиносоии имкониятҳои саноатии вилоят таъкид карда шуд,  ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 15,5 миллард сомонӣ ё худ 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбати соли 2010 панҷ маротиба зиёд аст.

Дар вилояти Суғд барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ имкониятҳо фаровон аст ва соҳибкорони тоҷику рус метавонанд ба таври муштарак лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Боздиди президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ