Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия

( 0 Овоз )

16 сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Сергей Катирин зимни мулоқот оид ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои доираҳои тиҷоратии тоҷику рус мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят нахуст Сергей Катирин ва ҳамроҳонашро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарони кишварҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносиабатҳои Тоҷикистону Россия дар сатҳи олӣ қарор дошта, ду кишвар дар бахшҳои гуногун ҳамкориҳои судманд доранд.

Гуфта шуд, ки солҳои охир робитаҳои минтақавӣ миёни вилоятҳои Тоҷикистону Россия беш аз пеш мустаҳкам гардида, вилояти Суғд бо 8 минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон меморандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Зимни ироаи маълумот вобаста ба вазъи вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2020 ба 21,6 миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000 – 44 маротиба ва нисбат ба соли 2010‐ум 3,8 маротиба афзуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи 73 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилоят беш аз 1,1 миллиард доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст. Ҳоло дар вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то инҷониб азхудшуда беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 2 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории мустақимро ташкил медиҳад.

Соҳибкорӣ меҳвари рушди устувори иқтисодиёт буда, шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят 113 ҳазору 92 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум беш аз 10 ҳазор нафар ва нисбат ба соли 2010 қариб 20 маротиба зиёд мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон оид ба рушди соҳаи саноат дар вилоят низ маълумот дода, қайд кард, ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 15,5 миллард сомонӣ ё худ 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбати соли 2010 панҷ маротиба зиёд аст.

-Саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудааст ва ҳоло мо барои татбиқи ин ҳадаф фаъолиятро тақвият бахшида истодаем ва дар ин замина ҳамкорони русро барои ташкили корхонаҳои нави муштарак даъват менамоем,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.     Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаи кишоварзии вилоят, савдои хориҷӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодии вилоят маълумот дода, илова намуд, ки вилояти Суғди Тоҷикистон имрӯз бо Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Белорус, Қирғизистон, Шветсария, Литва, Латвия, Гурҷистон, Хорватия, ИМА, АМА, Италия, Корея, Туркия, Ветнам, Британияи кабир, Эрон ва дигар мамлакатҳо равобити тиҷориву иқтисодӣ дорад. Дар ин миён доду гирифт бо Федератсияи Россия назаррас буда, дар 8 моҳи соли 2021 ҳаҷми тиҷорати байни минтақаҳои мо 357,5 миллион доллари ИМА, содирот - 114,7 миллион доллар, воридот - 242,8 миллион доллар буд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар охир пешниҳод намуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани робитаҳои тиҷоратӣ масъалаи ташкили марказҳои логистикӣ баррасӣ карда шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия метавонанд барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҳамкориҳоро беш аз пеш тақвият бахшанд.

Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россияро барои густариши робитаҳо баён дошт. Таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои давлатии дуҷониба ба роҳ монда шуда, тақвияти ҳамкориҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия