Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Барқияи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

( 0 Овоз )

Дар робита ба даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова – хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Хабари ба сари Шумо омадани мусибати гарон – даргузашти хоҳари Шумо Қурбонбӣ Раҳмонова боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид.

Реҳлати инсони наздик ин фоҷеаи бузурге мебошад, ки дар қалби мо захмҳои ҳеҷ гоҳ шифонаёбандаро мегузорад.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар иртибот ба ин талафоти гарон ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии моро қабул фармоед».

 

ШУМО ДАР: Навид Барқияи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон