Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд - 29.07.2021 12:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд - 29.07.2021 10:59
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд - 29.07.2021 10:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен шинос шуданд - 29.07.2021 10:45
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва қутоспарварии деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ боздид намуданд - 28.07.2021 07:46
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд - 28.07.2021 08:16
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд - 28.07.2021 08:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд - 28.07.2021 08:41

Изҳори тасаллият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

( 0 Овоз )

Мардуми вилояти Суғд хабари реҳлати нобаҳангоми Раҳмонова Қурбонбӣ - хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳузну андӯҳи гарон дарёфтанд ва ғамшарики аҳли хонаводаи модари марҳум ҳастанд.

Сад дареғ, ки марги беамон шахсеро ба олами улвӣ пайваст, ки бо хислатҳои ҳамида, кирдорҳои наҷиб, амалҳои неку солеҳ, покизарафторӣ, раҳнамоӣ ва адабпарварӣ дар дили мардум маскан доштан. Намунаи ибрат буданд. Аз ҳама муҳимтар, модаре буданд фариштахислат, меҳрпарвар, мураббӣ ва тарбиятгар. Фарзандону шогирдони соҳибкамол, донишманду ватанпарвар ва меҳнатқаринро ба воя расониданд, саҳми амиқ дар рушди ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузоштанд.

Ҳамагон, хосатан аҳли пайвандону наздикон ва шогирдон ин модари мушфиқро чун намоди иффату покӣ, муҳаббату садоқат ва инсони комили ватандӯст дар ёд хоҳанд дошт.

Даргузашти ин инсони соҳибдил барои пайвандону азизон, дӯстону ҳамдиёрон мусибатест басо вазнин ва ҳасратбор.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин лаҳзаҳои мусибатангез ва басо риққатбор ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандони модари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил ва матонати рӯҳӣ хоҳонем.

Парвардигор марҳумаи олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшонро ҷаннат гардонад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Изҳори тасаллият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон