Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Қурбон табрик намуд

( 0 Овоз )

Субҳи рӯзи сешанбеи 20 июл сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва тинҷиву осоиштагӣ намози Иди саиди Қурбонро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфт.

Таъкид карда шуд, ки «Иди Қурбон-ҷашни садоқат, покию равшанӣ, анҷом додани таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷ, дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва инсониятро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад”.

-Боиси таъкид аст, ки дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон ба шумор рафта, барои таҳкими дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон мусоидат мекунад.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки солҳои охир фарҳангу тамаддуни исломӣ дар рушду тавсеаи беҳтарин аъмоли хайру башардӯстона ва арзишҳои маънавию ҳаётӣ мусоидат намуда, мардумро ба заҳмати созандаву ободгарона, дӯстию рафоқат, таҳаммулгароӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо новобаста аз мансубияти миллию иҷтимоӣ ва дину мазҳаб бояд тамоми нерӯи хешро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, мустаҳкам намудани риштаи дӯстию бародарӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои давлати соҳибистиқлол, ободиву гул-гулшукуфии Ватани азизамон равона намуда, барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ояндасоз талош намоем, — иброз дошт Раиси вилоят зимни ироаи паёми табрикии худ.

Раҷаббой Аҳмадзода аз сокинон даъват кард, ки дар шароити имрӯза, ки бемории сироятии коронавирус дар ҳаёти аҳли башар мушкилоти ҷиддӣ эҷод намудааст, моро лозим аст, ки гигиенаи шахсиро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони серодам, нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркашон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем. Ҳамзамон зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ ва муҳити атроф аҳмият диҳем, дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоем, қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии кишварро вобаста ба пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус риоя намуда, дар ҳифзи солимии худ ва аҳли ҷомеа саҳм гузорем.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Қурбон табрик намуд