Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд - 29.07.2021 12:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд - 29.07.2021 10:59
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд - 29.07.2021 10:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен шинос шуданд - 29.07.2021 10:45
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд ва аз намоишгоҳи кишоварзӣ боздид карданд - 29.07.2021 09:01
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва қутоспарварии деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ боздид намуданд - 28.07.2021 07:46
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ифтитоҳ намуданд - 28.07.2021 08:16
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро ба истифода доданд - 28.07.2021 08:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд - 28.07.2021 08:41

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Қурбон

( 0 Овоз )

Фарорасии Иди саиди Қурбонро ба Шумо мардуми сарбаланди вилоят самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон оромию осоиштагӣ, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди Қурбон-ҷашни садоқат, покию равшанӣ, анҷом додани таомули қурбонӣ дар айёми ҳаҷ, дӯстию муҳаббати байниҳамдигарӣ ба шумор рафта, аз фарҳанги ғании исломӣ сарчашма мегирад ва инсониятро ба шинохти ҳуввият ва асолату покӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин хусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Иди саиди Қурбон дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб меёбад ва дар марҳалаи давлатдории навини миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши фарҳангӣ гиромӣ шуморида мешавад”.

Мардуми сарбаланди кишвари азизамон аз он саодатманд ҳастанд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамасола Иди Қурбон ва дигар ойинҳои эътиқодии худро дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии ҷомеа чун иди аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои инсондӯстонаи дини мубини Ислом таҷлил менамоянд.

Боиси таъкид аст, ки дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон ба шумор рафта, барои таҳкими дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон мусоидат мекунад.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки солҳои охир фарҳангу тамаддуни исломӣ дар рушду тавсеаи беҳтарин аъмоли хайру башардӯстона ва арзишҳои маънавию ҳаётӣ мусоидат намуда, мардумро ба заҳмати созандаву ободгарона, дӯстию рафоқат, таҳаммулгароӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо новобаста аз мансубияти миллию иҷтимоӣ ва дину мазҳаб бояд тамоми нерӯи хешро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, мустаҳкам намудани риштаи дӯстию бародарӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои давлати соҳибистиқлол, ободиву гул-гулшукуфии Ватани азизамон равона намуда, барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ояндасоз талош намоем.

Махсусан, дар шароити имрӯза, ки бемории сироятии коронавирус дар ҳаёти аҳли башар мушкилоти ҷиддӣ эҷод намудааст, моро лозим аст, ки гигиенаи шахсиро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони серодам, нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркашон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем. Ҳамзамон зарур аст, ки аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, алалхусус маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, ба тозагии манзили истиқоматӣ ва муҳити атроф аҳмият диҳем, дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоем, қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустии кишварро вобаста ба пешгирӣ намудани густариши сирояти коронавирус риоя намуда, дар ҳифзи солимии худ ва аҳли ҷомеа саҳм гузорем.

Бори дигар, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли сокинони вилоят сидқан табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори орому осуда ва саодати рӯзгор орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Қурбон