Хабарҳо
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандапарвар-2017»-ро ифтитоҳ намуданд - 30.07.2021 08:02
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави ҶДММ «Текстилимпекс»-ро мавриди истифода қарор доданд - 30.07.2021 07:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро дар Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд - 30.07.2021 07:06
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Меҳросо» — ро ифтитоҳ намуданд - 30.07.2021 07:01
Барқияи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - 29.07.2021 19:01
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд - 29.07.2021 12:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд - 29.07.2021 10:59
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд - 29.07.2021 10:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен шинос шуданд - 29.07.2021 10:45
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 10:16

Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

( 0 Овоз )

Бахшида ба Иди саиди Қурбон ва бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо нархҳои нисбатан арзон дастраси аҳолӣ намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор карда шуд.

Ярмарка бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол доир шуд. Макони баргузории ярмарка дар маркази вилоят назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ буд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бевосита рафти баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Роҳбари вилоят ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка супоришҳо дода, таъкид кард, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ид маводи ғизоии барои худ заруриро бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намоянд.

Чуноне мушоҳида карда шуд, дар ярмарка маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, орд, шакар, меваҷоту полезиҳо ва асалу тухм бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардидааст.

Боиси зикр аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилоят дар нимсолаи якуми соли 2021 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 46 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 4 ҳазору 511,9 тонна маҳсулот, аз ҷумла 781,5 тонна орд, 138,2 тонна равғани растанӣ, 74,5 тонна гӯшти чорвою паранда, 157,5 тонна шакар, 110 тонна биринҷ, 970,6 ҳазор дона тухм, 1147,6 тонна картошка, 439,9 тонна сабзӣ, 815,7 тонна бехпиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд. Ин анъана минбаъд низ идома ёфта, барои фаровонии дастархони мардум дар оянда низ чораандешӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ