Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ

( 143 Овоз )

Мирзозода Анвар Сайфиддинӣсардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд

8 - уми декабри соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллат-тоҷик.

Маълумоти олӣ дорад. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз рўи ихтисоси молия ва қарз хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1995 ба сифати нозири давлатии андози нозироти андози шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои иқтисодчии ҷамъияти савдои бурунмарзии «Тиҷорат»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 1998 - 2000 мутахассиси дараҷаи 1 шўъбаи иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии бурунмарзӣ, мудири шўъбаи кор бо шабакаҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои дигари ғайридавлатӣ, сардори корхонаи давлатии савдою махсулоттайёркунӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори шўъбаи молияи Ҳукумати шаҳри Чкалов кор кардааст.

Соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи муовини сардор – хазинадори идораи молия,  муовини сардор – хазинадори идораи молия, сардори Раёсати хазинадории Департаменти молия, сардори Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи вилояти Суғд,  фаъолият бурдааст.

Соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд таъин шудааст. Аз моҳи июли соли 2009 бо Фармони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Сарраёсати молияи вилояти Суғд таъин карда шуд.

ШУМО ДАР: Кисту чист! Мирзозода Анвар Сайфиддинӣ