ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЧАҲОР ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

( 0 Овоз )

Мушкилоти ҷаҳонии об ва истиқбол аз иқдомҳои Тоҷикистон

Мегӯянд ва ин ифодаи хоси адабиёт, ки ташбеҳ мисоли мизони дақиқ дар қиёс башоратдиҳандаву таҳлил, тафсир ва ташреҳ аст ва он маънипазир бувад. Аз ин лиҳоз Истиқлол, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ мисли оинаи қаднамоест ҳаёту рӯзгори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву дар кулл, ҷомеаро равшану муҷалло нишон додаву инъикос кардааст ва башорат меоварад.

Истиқлоли давлатӣ буду ҳаст, ки суботи сиёсии кишвари маҳбубамон‐Тоҷикистони биҳиштосои мо давоми сӣ соли даврони соҳибихтиёрӣ дар арсаи ҷаҳон ба таври воло, гуворо ва дилрабо шинохта гардида, аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ дар ин сарзамини аҷдодӣ рушд карда, муқтадиру дилпазир маъво ва ҷойгоҳ ёфт. Дарозои ин солҳо ва ин марҳала Тоҷикистон‐ин кишвари мутамаддин, сиёсати башардӯстона‐сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаро таҳким бахшида, ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои сулҳхоҳ раванди «дарҳои кушод»‐ро пеш гирифта, на фақат ба пешрафту рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ мушарраф гашт, балки ноил шуд тавассути роҳандозиву ҳамкориҳои ҳадафманд бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, алалхусус ниҳоди боэътибортарини ҷаҳон‐Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ пешсаф, пешоҳанг ва муқаддам бошад.

Борҳо дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои васоити ахбори умум зикр шудааст, ки ҳоло яке аз масъалаҳои умдаву доғи мардуми сайёра мушкилоти дастрасӣ ба об аст, ки мутаассифона, биноан тағйирёбии иқлим ва гармшавии беқиёсу глобалии обу ҳавои сайёра пайваста шиддат меёбад, маҷозан зуҳур мекунад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти ҷаҳонии об аҳамияти махсус зоҳир намуда, пайваста бо назару диди наву саодатбору файзбахши созанда ҳалли онро дар арсаи ҷаҳонӣ ба миён гузоштаанду мегузоранд. Бо ин васила, мавриди зикри хос аст, ки ҷумҳурии азизи моТоҷикистон аз ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ дар байни кишварҳои олам пешсафу намунаву пешқадам аст.

Иқдомҳои шоиставу ҷаҳонии башардӯстонаи Президенти маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чаҳор ташаббуси ҳадафманду олӣ доир ба масоили об дар ақсои олам муаррифӣ доранд. Иқдомҳои шоистаи муҳтарам Президентамон чунин раддабандӣ доранд: аввалан, эълом доштани «Соли 2003‐Соли оби тоза», дуюм, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 20052015), сеюм, Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об‐2013, чаҳорумДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 20182028). Ин чаҳор ташаббуси глобаливу бунёдӣ ва башардӯстонаи муҳтарам Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бемуболиға, ба орзуву ормонҳои мардуми сайёра, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон хуш, дар ростои воқеият ва ҳақиқат, сурурмандона пазируфта шудаанд.

Шоҳиди баҳои баланди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳастем, соли дуҳазору ҳафтдаҳ дар Ҳамоиши сатҳи баланди «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки дар шаҳри Душанбе доир гардида буд: «Тоҷикистон бо табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад». Ва ин меҳмони олиқадр аз мавзеи зебоманзар‐кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи нӯшиданӣ‐ошомиданӣ мавҷуд аст, боздид ба амал оварда буд. Таъкид рафт, ки онро алоҳида бояд зикр намуд«Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои тағйирёбии иқлим раҳоӣ бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки ба ин кӯли нодир назар меафканем, мо, пеш аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат‐обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хубест, ки чӣ гуна бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем».

Президенти маҳбубамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар мақолаи бунёдиашон, ки дар маҷаллаи бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид соли дуҳазору ҳаҷдаҳ ба нашр расида буд, аз ҷумла навиштаанд: «Об ҳамчун омили муҳими рушди устувор, дар бештари санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ, инчунин, стратегияҳои рушд нишон дода шудааст. Ҳамчун вазифаи муҳим ворид намудани ҳалли паҳлуҳои гуногуни мушкилоти об дар барномаи Ҳадафҳои рушди устувор шаҳодати бештар шудани таваҷҷуҳ ба мушкилоти об мебошад. Ба ин ҷидду ҷаҳд ва часпу талоши азими ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кардааст. Ман хеле шодам ва ифтихор дорам, ки кишвари ман‐Тоҷикистон дар ин ҷараён саҳми арзанда гузошта, ҳоло ҳам ин равандро идома дода истодааст. Бо ташаббуси мо Ассамблеяи генералӣ давоми солҳои 20002018 ҳафт қарори дахлдорро вобаста ба масъалаҳои об қабул кард, ки аз миёни онҳо эълом шудани солҳои 2018‐2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мавриди назари хос мебошанд».

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки ин ҷабҳаи ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти захираҳои об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Худи далели он, ки Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»‐ро манзур намуд, гувоҳӣ медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти Олии кишвар, Президенти муҳтарам ва муаззами Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии вусъатбору пурҳадафи об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. – Дар ин радиф, барои ташвиқу тарғиб ва татбиқи ин ибтикори саодатбору фараҳафзои муҳим зарур аст, ки дар муттаҳидӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамдилӣ, ҳадафҳо ва нақшаҳои бунёдӣ тадбирҳои амалӣ ва муассир роҳандозӣ шаванд. Ин нақшаву тадбир ва болиғ ба он умдатарин бувад. Ҳамон айём Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш гуфта буд: «Зимни сафарҳои худ ман қиёс меоварам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписандатон сарбандҳои табиӣ ато кардааст ва ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед».

Воқеан, ба гуфтаи мутафаккире, «обҳои мусаффо башорати қалбҳои софанд, дилҳои беғуборанд».

Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои арзандаву ҳақиқатасос додаанд: «Талошҳои Тоҷикистон ва Сарвари он дар ҷодаи истифодаи босамари об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он беқиёсанд».

Бо ақли солиму чашми дил эҳсос намудан ин рисолати хуби инсонист‐ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи гиромидошти об ва хусусан, иқдоми чаҳоруми Президенти маҳбубамон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018‐2028) худ гувоҳи равшану беқиёси афзудани нуфузу эътибору шинохти сарзамини аҷдодӣкишвари зебову хушобу ҳаво, дилрабову биҳиштосоямон ва Роҳбари хирадманду оқилу маърифатпарвари Тоҷикистони озоду мукаррами мо дар арсаи ҷаҳон будаву ҳаст.

Хуб дар хотир дорем: дар оғози ҷараён гирифтани ташаббуси чаҳоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об, бисту дуюми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018‐2028) суханронӣ намуданд ва аз ҷумла таъкид карданд: «Ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018‐2028) дар самти ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об ва эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта дар ин соҳа мебошад».

Дар идомаи мантиқии ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масоили глобалии башардӯстона ва инсонпарварона дар самти об, пешниҳоди Тоҷикистон, яъне иқдоми чаҳорум - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) аз ҷониби ҳамаи кишварҳо-аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ шуда, имрӯзҳо маҷрои тозаи татбиқ қарор ва ҳадафу мақсадҳо муназзам дар соҳаи об вобастагӣ дорад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

рӯзноманигор