Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд

26 феврали соли равон дар ​ назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар ярмаркаи мазкур таъкид кард, ки ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо дар асоси амри Раиси вилоят гузаронида шуда, ҳадафи аз ташкили он муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолии вилоят мебошад.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханронӣ ва паёмҳои худ оид ба кабудизоркунӣ, ободонӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав, азнавбарқароркунӣ ва сохтмони гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ супоришу дастурҳо дода, ба рушди соҳа эътибори хоса зоҳир менамоянд.

Дар натиҷаи қабул ва амалигардонии Барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи боғу токпарварӣ таъмин гардида, ҳамасола садҳо гектар боғу токзори нав бунёд мегардад. Аз ҷумла, соли сипаригашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 799,8 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуда, нақшаи пешбинигардида барзиёд таъмин гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин илова намуд, ки барои рушди боғу токпарварӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири тамоюли содиротидошта, танзими бозорҳои истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо меваҳои худӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Дар ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо, ки ҳамасола баъд аз таҷлили Иди Сада гузаронида мешавад, аз ҷониби ниҳолпарварони шаҳру ноҳияҳо, хоҷагии ҷангал, раёсати ҳифзи муҳити зист ва дигар идораҳо беш аз 1 миллион ниҳолҳои гуногун, гулу зироатҳо пешниҳоди аҳолӣ гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби Филиали Суғдии институти боғпарварӣ нуқтаи маслиҳатдиҳӣ таъсис дода шуда, доир ба омода намудани замин, ​ тарзи шинонидани ниҳолҳо, башаклдарории боғу токзор тавсияҳо дода шуд.

Ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо 27 феврал низ идома меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025»

Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии техникии Барномаи рушди СММ рўзҳои 17-18 майи соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025» баргузор...