Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

СОЛИ 2013 – МАРҲИЛАИ ТАҚВИЯТБАХШИИ СОЗАНДАГИҲО ДАР ИСФАРА

( 0 Овоз )

Давоми соли гузашта дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара зиёда аз 20 иншооти муҳими иҷтимоӣ, хизматрасонӣ бунёд ёфта, куллан мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Тавре раиси шаҳри Исфара Раҳмоналӣ Амиров зимни нишасти матбуотӣ ба кормандони васоити ахбори умум изҳор дошт, соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара зиёда аз 10 иншооти тиҷоратию хизматрасонӣ ва истеҳсолии на кам аз сеошёна сохта ба истифода дода мешаванд, ки то 1000 нафар сокинонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд кард.  
Илова ба ин, соли ҷорӣ дар доираи амалигардонии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» дар маркази шаҳр сохтмони бинои истиқоматии 45 ҳуҷрадор барои кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бинои истиқоматии 45 ҳуҷрадор барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва сохтмони Қасри ақди никоҳ оғоз меёбанд.
Ҳамчунин, соли ҷорӣ сохтмони мактаби нав барои 240 ҷойи нишаст дар маҳаллаи навбунёди Сангтӯдаи деҳоти Ворух, барои 1150 ҷойи нишаст дар маҳаллаи навбунёди Моҳпарӣ оғоз гардида, мактаби нав барои 360 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Лангари деҳоти Чоркӯҳ ба истифода дода мешавад.
Тибқи нақша соли равон ба сохтмони хати оби худҷории Сурх-Моҳпарӣ, ҳавзи обанбори оби нӯшокӣ ва Маркази саломатӣ дар маҳаллаи навбунёдшавандаи Моҳпарӣ шурӯъ карда мешавад.
Умуман, давоми соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои амалигардонии лоиҳаҳои «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017»  105 млн сомонӣ ҷалб карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд СОЛИ 2013 – МАРҲИЛАИ ТАҚВИЯТБАХШИИ СОЗАНДАГИҲО ДАР ИСФАРА