Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

24 - уми ноябри соли 2021 дар толори муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким Карим, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Ҳакимзода Ҳаким Карим паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, ки «Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин омилҳои муайянкунандаи ҳувияти миллӣ, таҳкимбахши ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар марҳалаҳои душвори бунёди давлати соҳибистиқлоламон таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯҳои ба халқу Ватан содиқи миллат зери парафшонии он сарҷамъ гардида, ба ваҳдати миллӣ  ва суботи сиёсӣ асос гузоштаанд».

Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф дар баромади худ иброз дошт, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз қадим давлатдор буда, ба рамзҳои давлатдории худ аз ҷумла парчам, эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт