Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Мастчоҳ. Ба муносибати Рӯзи Парчам миёни наврасон мусобиқа оид ба ҷудо гузаронида шуд

( 0 Овоз )

Ба ифихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-и ноҳияи Мастчоҳ мусобиқа оид ба ҷудо дар байни наврасон баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии варзишӣ аз дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуда, саҳми онҳоро дар густариши ин намуди варзиш басо арзишманд донист.

Зикр гардид, ки мусобиқаи варзишӣ барои тақвияти нерӯи ҷавонон, муаррифии варзишгарони ояндадор, аз ҷумла паҳлавонони номӣ аз байни наврасон ва ҷавонон, инчунин таҳкими дӯстию рафоқат байни варзишгарони кишвар ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ин мусобиқа 230 варзишгари наврас аз шаҳру навоҳии кишвар ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳам қувваозмоӣ намуда, 16 нафар устоди варзиши мамлакат мусобиқаҳои онҳоро доварӣ кардаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Ба муносибати Рӯзи Парчам миёни наврасон мусобиқа оид ба ҷудо гузаронида шуд