Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъомадҳои тантанавӣ доир мешавад

( 0 Овоз )

24-уми ноябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор мегардад.

Чорабинии вилоятӣ ба муносибати Рӯзи Парчам низ дар ин рӯз сурат хоҳад гирифт. Ҳамзамон, тибқи ҷадвали тасдиқнамудани роҳбарияти вилоят намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, паёми табрикии роҳбари вилоятро ба самъи сокинон мерасонанд.

Ёдовар бояд шуд, ки 24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин давлати мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии соҳибистиқлолӣ гардид.

Ҳамин тавр бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябри соли 2009  24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъомадҳои тантанавӣ доир мешавад