Хабарҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58
Тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шуд - 29.11.2021 13:43
Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем! - 29.11.2021 10:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:34
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд - 29.11.2021 10:31
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон иштирок намуданд - 29.11.2021 10:21

Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода китоби «30 баҳори Истиқлол» тавассути нашриёти «Хуросон» интишор шуд.

Китоби мазкур нақши беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар рушду тавсеаи давлату давлатдории навини тоҷикон, ҷанбаъҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ва кӯшишҳои роҳбарияти ин минтақаи ободи Ватан дар роҳи баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқро инъикос кардааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар китоби тозанашр дар бобати «Ситоиш кард бояд даври Истиқлолро», «Оғози давлатсозӣ ва давлатдории навин», «Аввалин музаффариятҳо ва дастовардҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ», «Музаффариятҳо халқу миллатро ба сӯи ояндаи дурахшон мебарад» ва «Навгониҳои даврони Истиқлол ва комёбиҳои беназир» маводи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву адабии Раҷаббой Аҳмадзода, Анвар Яъқубӣ, Мақсудҷон Умаров, Озифхон Шарифзода, Фирдавс Шарифзода, Атахон Сайфуллоев, Ваҳҳоб Набиев, Усмонҷон Ғаффоров, Ҷамшед Ҷӯразода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Зуфар Исмоилзода, Абдуҳаким Шарифов, Аминҷон Шарифзода, Озарахш, Тавҳида Ҷӯраева, Сурайё Ҳакимова ва дигарон чоп шудааст. Китоб бо теъдоди ҳазор нусха нашр шудааст.

Китоби «Сӣ баҳори Истиқлол» барои беҳтар намудани фазои маънавии ҷавонону наврасон тӯҳфаи арзишманде хоҳад буд, зеро дар саҳифаҳои он таърихи расидан ба Истиқлоли миллӣ ва марҳалаҳои ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон инъикос ёфтааст.

Хонандагон дарк менамоянд, ки Тоҷикистон барои ба даст овардани Истиқлоли миллӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ омада, то 30 – солагии он ба чӣ дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид. Китоб ба тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хештаншиносии ҷавонон ва наврасон мусоидат мекунад.


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд