Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Ифтитоҳи муассисаи таълимии хусусӣ дар Панҷакент

( 0 Овоз )

Тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди муассисаҳои нави таълимии дорои шароитҳои муосири таҳсил торафт вусъат гирифта истодааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории соҳибкорон Муассисаи таълимии хусусии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ расман ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Муассисаи мазкур аз тарафи муассис ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ дар муддати як сол дар заминаи бинои мавҷуда барои 80 нафар хонанда дар як баст имкониятҳои беҳтарини таълим муҳайё гардидааст.

Бинои Муассиса аз 2 ошёна, 16 синфхона, аз ҷумла 4 синфхонаи фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ, утоқҳои алоҳидаи фанҳои дақиқ, майдончаи варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

Мактаби хусусии мазкур ибтикори шоиста ҷиҳати дар амал татбиқнамудани дастури Паёми Пешвои миллат буда, замина барои омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи муассисаи таълимии хусусӣ дар Панҷакент