Хабарҳо
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 миллиард сомониро ташкил дод - 15.10.2021 13:11
ЭЪЛОН: Бахшида ба Иди Меҳргон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад - 15.10.2021 13:07
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 15.10.2021 09:31

Хуҷанд: Ифтитоҳи маркази тиҷоратии «Толори зеббахшӣ»

( 0 Овоз )

Имрӯз ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона , раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода маркази тиҷоратии «Толори зеббахшӣ» мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки  маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Толори зеббахшӣ» аз як ошёна иборат буда, аз ҷониби бародарон Ҳакимбоевҳо, ки солиёни зиёд бо тиҷорати таҷҳизоти ороишии хона, аз ҷумла пардаҳои истеҳсоли хориҷӣ машғул ҳастанд, бунёд гардидааст.

Дар маркази тиҷоратии мазкур беш аз 2000 намуд пардаҳои истеҳсоли Туркия ва Италия, қандилҳои гуногуннавъи  мамолики хориҷӣ, мебелҳои истеҳсоли  Туркияю як қатор кишварҳои Аврупо ва маводҳои ниёзҳои ороишоту лавозимоти хонаводагӣ бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон гардонида шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз ҷониби бародарон Ҳакимбоевҳо сехи дўхти пардаҳо таъсис дода шуда, мувофиқ ба завқ ва талаботи замони муосир он дўхта ва ба фурўш гузошта мешавад.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисони маркази тиҷоратии “Толори зеббахшӣ” барои чунин иқдоми назаррас изҳори миннатдорӣ намуда,  дастур доданд, ки бо истифода аз имконот ва имтиёзоти Давлату Ҳукумат барои тавсеъаи коргоҳи худ азм намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд: Ифтитоҳи маркази тиҷоратии «Толори зеббахшӣ»