Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Ташрифи Коҳир Расулзода ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси зудамал

( 0 Овоз )

Видео ::Ташрифи  Коҳир Расулзода ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси зудамал

Ба хотири шиносоӣ бо шароити хизматии ҳайати шахсии дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  , имрӯз  Раиси вилоят  Қоҳир Расулзода ба ба қароргоҳи дастаи  зудамал ташриф овард.

Зимни  сӯҳбат бо ҳайати шахсӣ Қоҳир Расулзода аз саҳми онҳо дар пойдории суботи ҷомеа ёдовар шуд ва барои хизмати софдилонаашон барои халқу ватан изҳори миннатдорӣ кард.
Мақомоти милиса дар таҳкими волоияти қонун,  таъмини амну суботи кишвар ва  танзими тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳим мегузорад.

Дар ин замина, фаъолияти кормандони соҳа ва масъалаи беҳтар кардани шароити хизматии онҳо ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад.

 

Дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  соли 1995 ташкил ёфта, дар пешгирии ҷинояткорӣ, безараргардонии қувваҳои бадхоҳ ва таъмини амну суботи ҷомеа саҳмгузор аст. То ин дам ҳайати шахсии дастаи зудамал дар чандин амалиётҳои махсуси дастгир ва безараргардонии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ амалкунандаи ифротгар фаъолона  иштирок намуда, аз ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва иродаи матини ҷавонмардии хеш дарак додаанд.

Сафари қаблии Раиси вилоят ба ин мавзеъ моҳи  ноябр сурат гирифта буд ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати хубтар кардани  ҳолати ҷисмонӣ ва сифати таълимии ҳайати даста иншооти иловагӣ, аз қабили толори мачлисӣ, синфхонаи таълимӣ, утоқи маишӣ ва утоқи шустушуӣ сохта ба истифода дода шуданд. Зимни он боздид, роҳбарияти Раёсати корҳои дохилаи вилоят ҷиҳати  дастгирӣ барои таъмири бинои ҳайати шахсӣ  муроҷиат карда буд. Инак, имрӯз ин хушхабар ҳайати гурӯҳи фавриро хушҳол намуд. Бо қарори Раиси вилоят барои оғози таъмири бинои ҳайати даста 200000 сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳамчунин дар ин сафар барои ҳайати шахсии дастаи таъиноти махсус аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маводи хӯрока, аз қабили орду равған, гӯшт  ва ғайра дастрас карда шуд.

 

 

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд 

ШУМО ДАР: Навид Ташрифи Коҳир Расулзода ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси зудамал