Хабарҳо
Идомаи мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон - 29.01.2022 13:57
Сарбозон ва сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардошта аёдат карда шуданд - 28.01.2022 17:18
Раиси вилоят бо сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуд - 28.01.2022 17:08
Ба пайвандони Обидҷон Туйчиев изҳори ҳамдардӣ карда шуд - 28.01.2022 16:05
Маросими муарифии муовинони Раиси вилояти Суғд - 27.01.2022 22:30
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара - 28.01.2022 11:37
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 10:17
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва даргириҳо хотима ёфт - 28.01.2022 04:46
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад - 28.01.2022 03:27
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки “Апрелевка” таъин карда шуд - 27.01.2022 21:07

Қоҳир Расулзода ба аёдати милисаи захмбардошта рафт

( 2 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нимаи дуюми 16 январи соли ҷорӣ нозири БДА-и шаҳри Конибодом Акбар Турсуновро, ки қаблан дар як ҳамлаи террористон захм бардошта, ба беморхонаи марказии нохия бистарӣ гардида буд, аёдат намуд.

Табибони беморхона ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки Акбар Турсунов аз китфи чап захм бардоштааст. Ва ҳоло баъди ҷарроҳии таъҷилӣ дар дасти ӯ дастгоҳи тиббии махсуси фишурдасозӣ, маъруф бо номи таҷҳизоти Илизаров насб карда шудааст. Ҳамзамон табибон вазъи саломатии Акбар Турсуновро ба давраи  баъди ҷарроҳӣ мутобиқ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки  ба саломатии ӯ хатари ҷиддӣ таҳдид намекунад.

Бино ба ин иттилоъ Акбар Турсунов ҳамоно дар шӯъбаи эҳёи беморхона боқӣ мемонад.
Қоҳир Расулзода ҳангоми ин сафар инчунин ба хешовандони Акбар Турсунов мулоқот кард ва барои ӯ сиҳатии комилро орзу намуд. Раиси вилоят аз табибон тақозо намуд, ки барои ҳар чӣ зудтар табобат ёфтан ва барқарор намудани саломатии Акбар Турсунов тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи 14 январи соли ҷорӣ дар дидбонгоҳи БДА –и шаҳри Конибодом кормандони милитсия автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел-Астра»-ро боздошт намуда, аз ронанда ҳуҷҷатҳои лозимаро мепурсанд. Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳонаш ба нозирони милиса муқобилият нишон дода, тир мекушоянд. Дар натиҷа як нозири милиса дар ҷойи ҳодиса ҷон дода ва як нафар захмӣ мешаванд.

Бино ба иттилоъи мақомоти интизомии вилоят, шахсияти ҳамлагарон ба нозирони роҳ муайян шуда, зимни роҳандозии як амалиёти махсус, як нафари онҳо нобуд ва дигарӣ фирор кардааст.
Аз онҳо 2 адад туфангча, муҳимоти ҷангӣ ва адабиёти динӣ мусодира шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Қоҳир Расулзода ба аёдати милисаи захмбардошта рафт