Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.01.2022 16:13
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 26.01.2022 16:08
Таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Деваштич - 26.01.2022 13:28
Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд - 26.01.2022 13:25
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин Нишасти сарони кишварҳои «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд - 26.01.2022 08:26
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14

Султонзода Тоҷибой Султонӣ

( 14 Овоз )

мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Султонзода Тоҷибой Султонӣ  19-сентябри соли 1970 ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ровадин ва мактаби миёнаи рақами 6 деҳаи Fўсари шаҳри Панҷакент (ҳоло ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ) соли 1988 ба факултаи филологияи ИДПЛ ш. Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров) дохил шуда, онро соли 1993 хатм намудааст. Солҳои 1993-1995 фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси муаллими кафедраи байнифакултетии забон ва адабиёти ДДХ (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) оғоз намудааст. Солҳои 1995-1998 таҳсилро дар  аспирантураи ДДХ идома дода, соли 2000-ум рисолаи номзадии хешро дар мавзўи «Шарҳи қасоиди Хоқонӣ»-и Алавии Шодиободӣ ва масъалаҳои маърифати бадеии ашъори Хоқонӣ»  таҳти роҳбарии профессор Абдуманнони Насриддин ба дифоъ расонидааст. Узви Шўрои олимон ва муҳаққиқони вилояти Суғд (1997-2005), раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Суғд (2001-2005). Т. Султонзода адабиётшинос, номзади илмҳои филология буда, солҳои 2001-2013 дотсенти кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Б.Fафуров, солҳои 2009-2012 докторанти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2013-2014 котиби масъул ва сармуҳаррири нашрияи ҲХДТ дар вилояти Суғд - «Сухани халқ» буд.

Т. Султонзода муаллифи як қатор асарҳо аз қабили «Шарҳи касоиди Хоқонӣ»-и Алавии Шодиободӣ ва масоили маърифати бадеии ашъори Хоқонӣ», «Шарҳи «Миръоту-с-сафо»-и Хоқонӣ», «Таҳлили матни асари бадеӣ», «Шарҳи қасоиди Носири Хусрав» (таҳия бо ҳаммуаллифӣ), "Таърихи адабиёт"(аҳди бостон), «Нома ба падар», «Хони маънӣ» (Мунтахаби ашъори Анварии Абевардӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва Хоқонии Шарвонӣ) ва ғайраҳо мебошад.

Аз 14 декабри 2015 дар вазифаи мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд фаъолият мебарад.

ШУМО ДАР: Кисту чист! Султонзода Тоҷибой Султонӣ